Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии
Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии

Нурофар

Корхонаи воҳиди давлатии ҷумҳуриявии
Пажӯҳишгоҳи лоиҳакашии "НУРОФАР"

«Сохтори энергетикии Ҷумҳурӣ, ки дар асоси захираҳои гидроэнергетикии кишвар бунёд ёфтааст, феълан дар ҳудуди Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил яке аз пешоҳангтарин ва боэътимодтарин Пажухишгох ба шумор меравад, ва дар айни замон дар назди энергетикҳои мамлакат вазифаи хеле бузург ин хам ноил гардидан ба истиқлолияти энергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад»

Эмомалӣ Раҳмон
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Яке аз омилҳои бағоят муҳимми рушди иҷтимоиву иқтисодӣ дар Тоҷикистон, истифодабарии самараноки захираҳои энергетикии кишвар маҳсуб меёбад.

Энергетика дар қатори кишоварзӣ яке аз соҳаҳои асосии иқтисодиёт ба шумор меравад. Он сатҳи пешрафти иқтисодии ҳамаи соҳаҳои хоҷагидориро муайян намуда, ҳамзамон вазифаҳои иҷтимоиеро иҷро мекунад, ки онҳо бо таъмингардонии талаботи табии инсон бо гармӣ ва рўшноӣ алоқаманд аст.

Корхонаи воҳиди давлатии Ҷумҳуриявии Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» ҳамчун муассисаи лоиҳакаши кул дар самти лоиҳакашии комплексии иншоотҳои гидроэнергетикӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамояд.

Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 50 аз 01. 02. 2008 дар заминаи Пажўҳишгоҳи давлатии лоиҳакашию ҷустуҷўӣ ва илмию тадқиқотии Тоҷикистон «Гидроэнергопроект» ва Шуъбаи Тоҷикистонии илмию тадқиқотии «ТаджНИОЭ» бо мақсади танзим ва рушди соҳаи энер­гетика дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Пажўҳишгоҳи лоиҳакашии «Нурофар» ба сифати пудратчии кул, пудратчии ёрира­сон ва лоиҳакаш таҷрибаи хуби кориро соҳиб буда, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз рўи супоришҳои тасдиқгардида, фаъолияти худро амалӣ менамояд.

Пажўҳишгоҳ дорои шароити беназири тахассусӣ дар самти лоиҳакашии иншоотҳои гидроэнергетикии бузургмасштаб, таҷрибаи лоиҳакашии иншоотҳои ғайринамунавӣ ва татбиқи ҳалҳои мураккаби техникӣ (сарбандҳои баландиашон хеле зиёд, шароити мурак­каби сейсмикӣ, оббандҳои тезҷараёни релеф ва ғайра) мебошад.

Қисми зиёди иншоотҳои гидроэнергетикие, ки мутахассисони Пажўҳишгоҳ лоиҳакашии онҳоро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд, ба иншоотҳои дараҷаҳои баланд – класси якум ва дуюм тааллуқ доранд.

САМТИ ФАЪОЛИЯТ

  • Ҳуҷҷатҳои техникии сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ ва гидроэнергетикиро дар ҳама марҳилаҳои лоиҳакашӣ таҳия менамояд.
  • Барои лоиҳакашӣ дар ҳама марҳилаҳои он корҳои зарурии ҷустуҷўии комплексии муҳандисӣ (муҳандисию геологӣ, муҳандисию гидрологӣ, муҳандисию геодезӣ, ҳифзи муҳити зист) тадқиқотҳо ва корҳои таҷрибавӣ мегу­заронад.
  • Интихоби нишонихатҳои нерўгоҳҳои барқи обӣ ва майдонҳо барои сохтмони коргоҳҳои ёрирасонро аз нуқтаи назари тахассусӣ асоснок мекунад.
  • Масъалаҳои кооператсиякунонии истеҳсолот, таъмингардонӣ бо нерўи барқ, обтаъминкунӣ, системаи корезҳо, нақлиёт, алоқа ва дигар иншооти муҳандисӣ ва коммуникатсиониро ҳал менамояд.
  • Дар сохтмони иншоотҳо вазифаи назорати муаллифиро иҷро мекунад.
  • Лоиҳаи ҳаҷман васеъкунӣ ва азнавбарқароркунии нерўгоҳҳои барқи обӣ ва ди­гар иншооти обии амалкунандаро таҳия менамояд.
  • Омўзиши дурнамои истифодабарии комплексии захираҳои обии ҳавзаҳои алоҳида ва ҷараёнҳои обиро мегузаронад, схемаи истифодабарии комплексии дарёҳоро тартиб медиҳад.
  • Таҳияи комплексии лоиҳаҳои сохтмонӣ, коргоҳҳои фаръию ёрирасон, иншооти ин­дустрияи сохтмонӣ, конҳои масолеҳи сохтмонӣ, роҳҳои автомобилгарду оҳан ва инчунин базаҳо барои сохтмони гидротехникӣ, шаҳракҳои вахтавии энергетикҳо, лоиҳаҳои шабакаҳои муҳандисию системаҳо, хатҳои ҳаҷман калони обгузаронро амалӣ месозад.
  • Таҳияи лоиҳаҳои таъминкуниҳои дохилӣ ва берунӣ бо барқ ва инчунин лоиҳаҳои сохтмони ХИБ ва зеристгоҳҳоро иҷро менамояд.
  • Лоиҳаҳои нерўгоҳҳои хурди барқи обӣ ва дигар иншооти энергетикиро таҳия меку­над.

Портфолио

Нишонии мо